Қисса ва ҳикояҳо. — Душанбе: Адиб, 2017. — 192 с.
Муҳаррир Сафар Амирхон
“Сафинаи муҳаббат” фарогири қиссаву ҳикоя ва
масалҳои солҳои гуногун эҷодкардаи муаллиф буда, хонандаро бо лаҳзаҳои сурурбахшу ғамбор, ширину ногувор ва ҳасрату печидагиҳои рӯзгори қаҳрамононаш ошно месозад.
Дар ин нигоштаҳо баҳору хазон, хиёнату бахшиш ва печухами ҳастӣ чун амвоҷи пуршикани рӯдхонаи зиндагӣ пеши назар омада, хонандаро ба накӯкориву покӣ ва меҳру вафодорӣ ҳидоят менамояд.