Душанбе, 1968. — 72 с.
Дар китоби нависандаи ҷавонмарги тоҷик Ҳаким Карим ҳикояҳои "Латиф Қутил", "Оқшуда" ,"Ҳикояи духтараки ҷингиламуй" ва "Одам дар халта" омадаанд.
Ҳаким Карим (насаби аслӣ Каримов ё Каримзода) соли 1905 ба дунё омадааст. Ӯ иштирокчии анҷумани якуми нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ мебошад. Ҳаким Карим ҳамчун насрнавис ва тарҷумон шинохта шуда буд. Вай соли 1942 дар Ҷанги бузурги ватанӣ қаҳрамонона ҳалок гардидааст.