Душанбе: Эр-граф, 2010. — 520 саҳ.
Китоби дарсӣ масъалаҳои асосии назариявӣ, методологию ҷаҳонбинӣ ва воқеияти ҳаёти сиёсии ҷомеаро дарбар мегирад. Раванду ҳодисаҳо ва падидаҳои ҷолиб ва мураккабу пурихтилофи ҷомеаи сиёсӣ, унсурҳои асосии он ва пешомади ҷараёни сиёсиро мавриди таҳлилу тадқиқ ва баҳрабардорӣ қарор медиҳад. Ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳамбастагӣ ва баҳамтаъсиррасонии омилҳои мухталифро дар рушди сиёсӣ муайян месозад.
Китоби дарсӣ дар заминаи донишҳои сиёсии халқҳо ва кишварҳои мухталифи олам, дар асоси муносибати методологии ҷолиб ва собитсозии қавии масъалаҳо иншо шуда, барои баҳрабардории донишҷӯён, аспирантон, муаллимони сиёсатшинос, ходимон ва кормандони мақомоти гуногуни давлатию ғайриҳукуматӣ ва ҳамаи касонест, ки кӯшиши дарки амиқи олами сиёсат, сиёсатофаринӣ ва кишвардориро доранд.