Душанбе, 2009. — 368 саҳ.
Китоби мазкур барои ҳаводорони техникаи компютерӣ ва худомўзони технологияи информатсионӣ пешкаш карда шудааст. Китоб хонандаро доир ба паҳлўҳои фанни Информатика ва хусусияхои фанни Технологияи информатсионӣ, оид ба мафҳуми информатсия ва хосиятҳои компютер, дар бораи системаи оператсионии Microsoft Windows ва замимаҳои он - MS Word, MS Excel, имкониятҳои программасозӣ тавассути забони VisualBasic ва оид ба намудҳои шабакаҳои компютерию технологияи ҳифзи информатсия ошно хоҳад кард.
Аз ин китоб, ки вай дар заминаи матни лексияҳои муаллифон эҷод шудааст, хамчун васоити таълими устодону шогирдони донишгоҳу донишкадаҳо, мактабҳои миёнаву литсейҳо ва умуман доираи васеи худомўзоне, ки донишу малакаи худро дар азхудкунии технологияи
коркарди компютерии информатсия сайқал доданианд, истифода бурда метавонанд.